Ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар сӯги даргузашти Воҳидова
Ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар шок ва сӯги даргузашти Файзиннисо Воҳидова аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз дирӯз, ҷумъа, ки хабари даргузашти ногаҳонии Файзиннисо Воҳидова, мудофеи маъруфи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мунташир шуд, садҳо нафар аз ҳуқуқдонҳо, рӯзноманигорон ва мудофеони ҳуқуқи башар дар шок ва сӯги даргузашти ин бонуи шуҷоъ фурӯ рафтаанд.
Хешовандони Воҳидова эълом карданд, ки ӯ панҷшанбешаб дар бемористон даргузашта ва пас аз намози ҷумъа дар зодгоҳаш рустои Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон ба хок супурда шуд.
Файзиннисо Воҳидова 55 сол дошт ва яке аз маъруфтарин мудофеони ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд.
Ӯ ба далели ҳимоятҳои ҷасуронааш аз мазлумон дар баробари мақомоти мутахаллиф дар миёни мардуми Тоҷикистон, ба вижа ҷомеаи маданӣ маҳбубияти фавқуллода касб карда буд.
Ба далели ин гуна рафторҳо буд, ки муддате ҳам тавассути мақомоти ҳукуматӣ боздошт шуд.
Аҳли қалам ва намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон даргузашти ин шахсияти адолатхоҳро ба унвони зарбаи сангине бар пайкараи ҳуқуқи башар қалам дод карда ва аз ӯ ба унвони як намоди равшанфикрӣ ва ҳомии сарсахти ақшори осебдида ёд мекунанд.
Салими Айюбзод, адиб ва рӯзноманигори пешкисват дар Фейсбук навиштааст, ки “ҳама навъи тундгӯиҳояш дар баробари мақомот барои ватан, адолат, инсонҳо ва ҳақиқат буд, аммо дар иваз тӯҳмат, таъқиб, фишор, тавҳин ва танҳоӣ насиб шуда буд".
Исфандиёри Одина, фаъоли мадании тоҷик ҳам навишт: “Дареғо, боз як садои расо ва дили бедор дар Тоҷикистон хомӯш шуд”.
Равшани Темуриён, раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Канада таъкид карда, ки “Файзиннисо Воҳидова қаҳрамоне буд, ки дар миёни мо мезист, вале мо ӯро нишнохтем”.
Хабарнигори маъруф - Шафқати Раҷабиён ҳам мутмаин аст, ки ормони марҳум Воҳидова чун ному ёди ӯ зинда хоҳад монд.
Раҷаби Мирзо, аз фаъолони сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон ҳам муътақид аст, даргузашти Файзиннисо Воҳидова шоковар буд, вале ин ки дар рӯзи саиди ҷумъа ба ҳок супурда шуд, нишон аз зиндагии пуршараф ва сарбаландона дорад.
Зафари Сӯфӣ, шоири тоҷик бо ишора ба ғайримунтазира будани марги ин ҳуқуқдони мунтақиди ҳукумат, онро асрорбарангез хонда ва ин саволро матраҳ кардааст: оё касе ва авомиле дар ин ҳодиса дахил нест?
- матолиби муртабит:
- Даргузашти Файзинисо Воҳидова - ҳомии ҳуқуқи шинохтаи тоҷик
-
Баррасии далоили мамониат аз хуруҷи Воҳидова, вакили мудофеи саршиноси тоҷик аз Тоҷикистон