Яксонсозии намои таксиҳои шаҳри Душанбе то 6 моҳи дигар
(last modified Mon, 07 Jan 2019 06:09:11 GMT )
Январ 07, 2019 11:09 Asia/Dushanbe
  • Яксонсозии намои таксиҳои шаҳри Душанбе то 6 моҳи дигар

Шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки тамоми таксиҳои ширкатӣ ва хусусии пойтахти Тоҷикистон бояд то рӯзи 15 июни соли ҷорӣ бо намои ягонаи пешниҳодгардида мувофиқ карда шаванд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар дастури Рустами Эмомалӣ таъкид шудааст, ки мувофиқати намои зоҳирии таксиҳои фаъол дар шаҳри Душанбе бо муқаррароти яксонсозии ранги ин васоили нақлия, бояд то рӯзи15 июни соли ҷорӣ ба поён расад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, дар озмун лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номиакадемик Осимӣ, Қурбонов Бадриддин  ғолиб омад.

Ба гуфтаи Қурбонов Бадриддин дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Тоҷикистон ранги таксиҳо аз дигар василаи нақлиётӣ ҳеҷ фарқе надорад ва наметавон дар миёни анбӯҳи мошинҳо, таксиро шиносоӣ кард. Ҳол он ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба осонӣ метавон таксиро ба далели доштани ранги яксон аз соири василаи нақтиёти умумӣ ҷудо кард. Мақомоти шаҳрдории Душанбе бо пазириши тарҳи яксонсозии намои таксиҳои пойтахти Тоҷикистон ба Бадриддин Қурбонов ба унвони ғолиби ин озмун, мабалағи 5 ҳазор сомонӣ (муодили 500 доллар) эъто кардаанд.

Бар асоси ин тарҳ, қисмати болоии таксӣ зард ва қисмати поёниаш сафед аст. Дар паҳлӯи он нуқтаҳои сиёҳ ва, инчунин, ҷойи навиштани телефонҳои хадамоти таксӣ ва таблиғот вуҷуд дорад.