Январ 08, 2019 18:27 Asia/Dushanbe
  • Дар Наврӯз Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2019» баргузор мегардад

Охири моҳи марти соли равон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019»  гузаронида шуда, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019» бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт гузаронида мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи мазкур корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика,  технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр,  сайру саёҳат ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» намоиши анъанавӣ маҳсуб ёфта, он ҳамасола дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.