Кумаки Бонки Рушди Осиё барои густариши тиҷорати барқ дар Осиёи Марказӣ
Бонки Рушди Осиё барои густариши тиҷорати барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки 4 миллиону 500 ҳазордолларии билоиваз ихтисос хоҳад дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, ин мизон кумаки билоиваз барои иттисоли дубораи хутути барқи Туркманистон ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ва афзоиши интиқоли барқи ин минтақа ба Афғонистон ҳазина хоҳад шуд.
Туркманистон дар соли 2003 хутути барқи худро аз шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ҷудо кард ва Узбакистон дар соли 2009 ба далели ихтилофоти сиёсӣ бо Тоҷикистон хутути интиқоли барқи ин кишвар ба шабакаи воҳиди барқи минтақаро қатъ кард. Ин иқдом боис шуд, ки Тоҷикистон натавонад дар фаслҳои тобистон ва зимистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муовизаи барқ дошта бошад ва дар фасли сармо бо буҳрони камбуди шадид барқ рӯбарӯ шавад.
Аммо бо даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон дар соли 2016 ва беҳбуди равобити ин кишвар бо Тоҷикистон аз баҳори соли 2018 заминаи азсаргирии содироти барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя фароҳам шуд. Тоҷикистон дар сол 2018 пас аз бозсозии хутути интиқоли барқи хеш ба Узбакистон, наздик ба 2 миллиард киловатт соат барқ ба ин кишвар содир кард.
Ҳамчунин Бонки Рушди Осиё барои бозсозии комили хутути интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон дар моҳи ноябри соли 2018 кумаки билоивази 18 миллиондолларӣ ихтисос дод, ки заминаи вуруди дубораи Душанбе ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказиро фароҳам месозад.
матолиби муртабит:
Намояндаи Бонки Осиёии Рушд: Тоҷикистон барои содироти барқ ба Афғонистон барномарезӣ кунад
Кумакҳои бебозгашти Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон