Январ 10, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • 100 кӯдаки тоҷик аз Ироқ бозгардонда мешаванд

Сафири Тоҷикистон дар Бағдод гуфт, 100 кӯдаки тоҷик аз хонаводаҳои ҷангҷуёни диишии кушта шудадар Ироқро, ки дар парваришгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ба Тоҷикистон боз хоҳад гардонд.

Ба нақл аз Toptj, Зубайдулло Зубайдзода пас аз тақдими эътимодномааш ба Барҳам Солеҳ, раисҷумҳури Ироқ дар Бағдод дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтааст, 100 кӯдаки тоҷик ҳамакнун дар парваришгоҳҳои ин кишвари арабӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки падарони онон кушта шудаанд ва модарони теъдоде аз онон ҳам дар зиндонҳои Ироқ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.

Вай таъкид кардааст, ки барои бозгардондани ин кӯдакон ба Тоҷикистон бояд ҷаримаи молии зиёде ба сабаби вуруди ғайриқонунии онон ба хоки Ироқ пардохт кард, муоинаи пизишкӣ анҷом дод ва билети ҳавопаймо таҳия кард.

Аз миёни хонаводаҳои ҷангҷуёни тоҷик, ки аз 2014 бо зан ва фарзандонашон вориди Ироқ шудаанд, 13 зан ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти ДИИШ ба зиндони абад ва ҳабси тӯлонӣ маҳкум шудаанд.

Ҳамчунин бо мусоидати Русия шаш кӯдаки тоҷик, ки бидуни сарпараст дар Ироқ ҳузур доштанд, ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд, аммо барои бозгардодани ин кӯдакон ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ҷуброни хисорати ворида ба Ироқ ба далели вуруди ғайриқонунии онон барои ҳар нафар се ҳазору 500 доллар пардохт кард.

Зубайдулло Зубайдзода гуфтааст, ки бар асоси қавонини Ироқ, интиқоли ин кӯдакон ба Тоҷикистон танҳо бо ризояти модарони зиндонии онон имконпазир хоҳад буд.

Вай муътақид аст, ки афв шудани модарони ин кӯдакон бар асоси қавонини Ироқ ба далели иттиҳоми сангини онон, ки узвият дар ДИИШ мебошад, баид аст.

Бо вуҷуди барқарории равобити сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Ироқ дар 1995, Зубайдулло Зубайдзода нахустин сафири Тоҷикистон дар Бағдод хоҳад буд.