Январ 14, 2019 10:27 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ироқ барои бозгардондани занон ва кӯдакони тоҷик ба кишварашон

Узви Додгоҳи олии Ироқ омодагии ин кишварро барои бозгардондани занону кӯдакони тоҷик ба кишварашон эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Зубайдулло Зубайдуллозода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ин матлабро пас аз дидор бо Ҳисом Абдулкарим Юсуф, узви Додгоҳи олии ин кишвар дар Бағдод унвон кард.

Ба гуфтаи Зубайдуллозода, Ҳисом Абдулкарим Юсуф масъули гурӯҳи таҳқиқ дар парвандаи занону кӯдакони тоҷик дар Ироқ низ ҳаст.

Ҳисом Абдулкарим Юсуф аз талоши Тоҷикистон барои бозгардондани занону кӯдакони тоҷик ба кишварашон, ки бо фиреби гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия ва Ироқ мунтақил шудаанд, истиқбол кардааст.

Вай ваъда додааст, ки бо сафорати Тоҷикистон дар Бағдод барои ҳарчӣ сареътар бозгардондани занону кӯдакони тоҷик ба кишварашон ҳамкорӣ хоҳад кард.

Сафири Тоҷикистон дар Ироқ бо теъдоде аз занони тоҷик низ дидору гуфтугӯ кардааст.

Аз миёни хонаводаҳои ҷангҷӯёни тоҷик, ки аз соли 2014 бо зану фарзандонашон вориди Ироқ шудаанд, 13 зан ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ ба зиндони абад маҳкум шудаанд.

Аз сӯи дигар 100 кӯдаки тоҷик ҳамакнун дар парваришгоҳҳои ин кишвари арабӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки падарони онон кушта шудаанд ва модарони теъдоде аз онон ҳам дар зиндонҳои Ироқ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.

Сафири Тоҷикистон дар Бағдод ҳамчунин дар дидор бо масъулони дафатари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ, роҳҳои интиқоли занону кӯдакони тоҷикро аз ин кишвари арабӣ ба Тоҷикистон баррасӣ кардааст.