Январ 15, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндаи курдҳои Сурия барои интиқоли диишиҳои тоҷику узбак ба кишварҳояшон

Намояндаи курдҳои Сурия дар Русия интиқоли ҷангҷӯёни диишии тоҷик ва узбаки асири гурӯҳи Нерӯҳои демократии Сурияро ба кишварҳояшон хостор шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Рашод Баёнов гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи террористии ДИИШ аз 40 кишвари ҷаҳон дар асорати Нерӯҳои демократии Сурия ба сар мебаранд, ки бояд ба кишварҳояшон баргардоданда шаванд. Ӯ таъкид кардааст, ки байни ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон низ вуҷуд доранд.

Ба гуфтаи намояндаи курдҳои Сурия дар Русия, теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон шаҳрвандони асир аз гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таҳвил гирифтаанд, аммо мақомоти Тоҷикистону Узбакистон то ба имрӯз барои бозгардондани ин афрод ҳеҷ иқдоме накардаанд. Ӯ афзудааст, ки теъдоде аз занону кӯдакони ин ҷангҷӯён низ дар манотиқи таҳти контроли Нерӯҳои демократиии Сурия ба сар мебаранд ва бояд ҳарчи сареътар ба кишварҳои худ бозгарданд. Аз сӯйи дигар нерӯҳои курди сурӣ, ахиран, аз боздошти як гурӯҳи ҳаштнафарӣ аз шаҳрвандони хориҷии узви гурӯҳи террористии ДИИШ хабар додаанд, ки миёни онон Муҳаммад Давлатализода, мулаққаб ба Абумусааб Аттоҷикӣ, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон низ шиносоӣ шудааст.

 

Барчасп