Январ 18, 2019 21:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми фасоди молӣ

Боз ду мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шуданд.

Сулаймон Сафров, раиси шӯъбаи замин дар ҳукумати ноҳияи Фархор ба ҷурми гирифтани ришва ба мизони 2500 сомонӣи боздошт шуд.

Агарчи ӯ баъдан ба таври машрут озод шуд, аммо парвандааш дар ҷараён аст ва ба ӯ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамзамон бо ин рӯйдод, Фаррух Исрофилов, вакили корхонаи тило дар ноҳияи Панҷакент низ ба ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шуд.

Исрофилов бо гирифтани 17 ҳазор сомонӣ аз яке аз сокинони рустои Косатарош, ба ӯ ваъдаи истихдом дар корхонаи тилоро дода, вале ба ваъдаи худ амал накардааст.

Корхонаи тилои "Зарафшон" дар ноҳияи Панҷакент корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Чин аст.

Боздошти ду мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар сӯиистифода аз мавқеияти идорӣ ва фасоди молӣ дар ҳоле расонаӣ шудааст, ки дар солҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо парвандаи ҷиноӣ аз ин даст, боз шудааст.

 

Барчасп