Сентябр 14, 2016 18:52 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон

Размоиши муштараки нерӯҳои низомии Русия ва Тоҷикистон дар минтақаи Лоҳури ин кишвар оғоз шуд.

Дар ин размоиш ҳудуди 200 воҳид аз таҷҳизоти низомӣ ва 800 сарбоз аз Лашкари 201-и Русия ба унвони бузургтарин лашкари низомии Русия дар хориҷ аз ин кишвар ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат доранд. Соли 2013, пас аз тамдиди тавофуқномаи истиқрори Лашкари 201-и Русия дар Тоҷикистон нерӯҳои ду кишвар размоишҳои бешумор ва муштараке баргузор кардаанд, ки ҳадафи онҳо мубориза бо ноамнӣ дар Тоҷикистон ва ҳифозат аз марзҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳадоти Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди размоишҳои давраии Русия ва Тоҷикистон он чӣ таваҷҷуҳи нозиронро ба размоиши феълӣ дар минтақаи Лоҳури Тоҷикистон ҷалб кардааст, оғози ин размоиш пас аз маневри муштараки 40-рӯзаи воҳидҳои зиддиҳавоии Русия дар Тоҷикистон аст.

Моҳи марти гузашта низ Русия ва Тоҷикистон бо ширкати беш аз 50 ҳазор нерӯ дар минтақаи Хатлон размоиши муштараки зиддитеррористӣ баргузор карданд. Ин маневр бо мушорикати зиреҳпӯш ва ҳавопаймоҳои русӣ баргузор шуда, ҳадаф аз он мубориза бо терроризми хориҷӣ ва ҳамоҳангӣ дар амалиёти муштараки ду кишвар буд. Вижагии ин размоиш мушорикати ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ, шомили "Су- 25", чархболҳои "Ми- 24", "Ми- 8" ва бомбафканҳои "Ту-22", "М-3" буд, ки дар майдони ҳавоии Айнии Тоҷикистон, Новосибирски Русия ва Канти Қирғизистон ба парвоз даромадаанд.

Русия ва Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба фаъолияти Толибон ва дигар шибҳинизомёни фаъол дар марзи Афғонистон баргузор шудани ин озмоишҳоро дар дастури барномаи ҳамкориҳои муштараки низомии худ қарор додаанд. Тоҷикистон умедвор аст, ин қабил маневрҳо ва дарёфти таҷҳизоти низомӣ аз Москва ба навсозии техника ва силоҳҳои артиши Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар айни ҳол тардиде нест, ки фаъол шудани гурӯҳҳои Толибону ДИИШ нигарониҳои амниятиро дар он сӯйи марзҳои Афғонистон афзоиш додааст.

Марзҳои табиӣ ва умдатан кӯҳистонии Тоҷикистон бо Афғонистон аҳамияти ҳифзи амодагӣ, тавони амалиёти нерӯҳои марзбонии тоҷик ва низомиёни ин кишвар, ҳамчунин тавони низомии Русияро барои ҷилавгирӣ аз густариши ноамниҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ дучанд кардааст. Аз ин рӯ, размоишҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки умуман, бо ҳадафи масдудсозӣ ва даъфи амалиёти душман анҷом мешавад, афзоиши чашмгире доштааст, новобаста аз он ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия бистари тақвияти муносиботи ду кишварро дар дигар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ фароҳам мекунад. Албатта, баъзе таҳаввулот дар минтақа ва ноамниҳо дар кишварҳое чун Афғонистон ва ҳатто Покистон ва низ нигаронӣ аз тарси ин гуна авзоъ ва таъсири он ба кишварҳои ҳамҷвор ҳамкории кишварҳои Осёи Марказӣ бо кишварҳои минтақаро таҳти шӯо қарор дода, ба меҳвари ҳамкориҳои низомию амниятӣ муттамарказ кардааст. Ин вазъият баргузор шудани размоишҳои муштараку пай дар пайи Русия ва Тоҷикистонро дар авлавият қарор медиҳад.