Январ 20, 2019 10:03 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми ситоди барқарории назму амнияти Бадахшон зидди Муҳаммадбоқиров

Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон эълом кардааст, ки Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров аз сарони гурӯҳҳои ғайрирасмии ин минтақа пас аз боздошти бародараш даст ба бетартибӣ задааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин ситод ба Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ҳушдор додааст, ки иқдомоти вай муғоир бо созишномаи моҳи октябри соли 2018 аст, ки сарони гурӯҳҳои ғайрирасмии ин минтақа аз ҷумла вай мутааҳҳид шудаанд бо ҳимоят аз амалиёти барқарории назм ва амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон бо ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ҳамкорӣ кунанд.

Қаблан ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон эълом карда буд, ки сабаби боздошти Тоҳир Муҳаммадбоқиров бародари Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров авбошӣ, ронандагӣ бо мошини шиёҳшиша ва сарпечӣ аз дастури мақомоти интизомӣ бинобар иҷрои муқаррароти барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон будааст.

Аз сӯи дигар мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо таъйиди хабари боздошти Тоҳир Муҳаммадбоқиров гуфтаанд, ки вай аз соли 2014 ба иттиҳоми авбошӣ таҳти пайгарди додгоҳӣ қарор дошт, ки ахиран дастгир шуд.

Кормандони идораи интизомии вилояти Бадахшон дар посух ба дархости гурӯҳе аз ҷавонони ҷонибдори Тоҳир Муҳаммадбоқиров, ки хостори озодии вай шуданд, гуфтаанд, ки ин амр имконпазир нест.

Ҳамчунин ин кормандон эълом кардаанд, ки Тоҳир Муҳаммадбоқиров бояд барои аъмоли худ посухгӯ бошад ва тарҳи мавзӯи озодии вай мухолиф бо қонун аст.

Тоҳир Муҳаммадбоқиров бародари 51-солаи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров аз сарони гурӯҳҳои ғайрирасмии вилояти Бадахшон мебошад, ки пас аз оғози амалиёти барқарории назм ва амнияти умумӣ дар ин минтақа ба фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 15 сентябри соли 2018, бо имзои тааҳҳудномае ҳимояти худро аз ин амалиёт эълом кардааст.