Январ 22, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди семент дар Тоҷикистон рекордро шикаст

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз тавлиди се миллиону 843 ҳазор тонна семент дар ин кишвар дар соли 2018 хабар дод, ки рекорд ба ҳисоб меояд.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, бо ин мизон тавлиди семент дар ин кишвар дар соли 2018 рушди 23.3-дарсадии ин шохис дар муқоиса бо соли 2017 ба даст омадааст. Ҳамчунин дар соли 2018 нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон беш аз як миллиону 437 ҳазору 40 тонна семент аз ин кишвар ба хориҷ содир шудааст, ки арзиши молии содироти ин миқдор семент 65 миллиону 400 ҳазор доллар эълом шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 Тоҷикистон 971 ҳазор тонна семент ба арзиши 46 миллион доллар ба хориҷ содир карда буд. Дар ин миён Узбакистон бо хариди 750 ҳазор тонна семент аз Тоҷикистон дар соли 2018 муҳимтарин бозори хориҷии сементи Тоҷикистон будааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфтааст, ба иллати рушди сохтусоз дар Узбакистон ниёз ба сементи бокайфияти тавлидшуда дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст. Тоҷикистон анвои сементи 400, 500 ва 600 ба Узбакистон содир мекунад, ки аз кайфияти бисёр болое бархурдор аст. Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Узбакистон солона ба панҷ миллион тонна семент ниёз дорад, ки акнун 1,5 дарсади он аз Тоҷикистон ворид мешавад. Ҳамчунин дар соли 2018 содироти сементи Тоҷикистон ба Афғонистон 482 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 85 ҳазор тонна баровард шудааст.

Дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст. Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин кишвар заминаи тавлиди солонаи наздик ба чаҳор миллион тонна семент вуҷуд дорад.

 

Барчасп