Январ 22, 2019 09:57 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи афсари муттаҳам дар шиканҷаи узви ҲНИТ дар Хуҷанд

Додгоҳи низомии Хуҷанд муҳокимаи сарҳанги дувум Шуҳрат Шамсиддинов, корманди идораи пулиси ноҳияи Ашт дар вилояти Суғдро ба иттиҳоми шиканҷаи Комил Хоҷаназаров оғоз кард.

Ба гузориши хабаргузории «Осиёи Марказӣ», иттиҳоми сарҳанги дувум Шуҳрат Шамсиддинов шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки мӯҷиби худкушии вай шудааст. Шамсиддинов, ки пас аз худкушии Хоҷаназаров ба Қирғизистон фирор карда буд, дар ин кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, ки акнун дар додгоҳи низомии Хуҷанд муҳокимаи вай оғоз гардидааст. Латифҷон Юлдошов ва Муҳаммад Наимов, ду афсари дигаре, ки дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров даст доштанд, кормандони идораи пулиси вилояти Суғд ва идораи амнияти миллии ноҳияи Ашт буданд, ки бо ҳукми додгоҳи низомии вилояти Суғд ба 13 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Комил Хоҷаназаров қабл аз худкушӣ бо интишори файли савтӣ дар интернет иллати худкушияшро шиканҷа ва озору азияти ин се афсар эълом карда буд.

Мақомоти додгоҳи низомии Хуҷанд дар бораи ҷузъиёти муҳокимаи сарҳанги дувум Шуҳрат Шамсиддинов ба далели муҳри сиррӣ доштани ин парванда тавзеҳ надодаанд, аммо хонум Гулнора Аминова, вакили мудофеи хонаводаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки тамоми иттиҳомоти ворида ба сарҳанги дувум Шуҳрат Шамсиддинов мабнӣ бар мушорикати ӯ дар шиканҷаи муваккили мақтулаш таъйид шуда ва ин аффсар бояд барои фирор аз кишвар низ посухгӯ бошад.