Барканории мудири “Тоҷик эйр” ва раиси “Амонатбонк”- и Тоҷикистон
(last modified Tue, 22 Jan 2019 06:30:01 GMT )
Январ 22, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Барканории мудири “Тоҷик эйр” ва раиси “Амонатбонк”- и Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон, мудири ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” ва раиси “Амонатбонк”-и ин кишварро барканор кард.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ҳайати давлати Тоҷикистон Хайруллоҳ Раҳимов ва Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода, мудирони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” ва “Амонатбонк”-и ин ҷумҳуриро барканор кардааст. Дар нишасти дирӯзи ҳайати давлати Тоҷикистон аз шохисҳои тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазоифи аслӣ барои соли 2019 мушаххас шуд. Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст аз буҳрони молӣ дар ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” ва “Амонатбонк” ба шиддат интиқод кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта дастури бозрасии амалкарди молии ширкати “Тоҷик эйр”-ро содир карда буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд, ки мавзӯи харидории як ҳавопаймои “Боинг-767”-и гаронтар аз қимати воқеӣ ва санадсозии ширкатро дар ин маврид бозрасӣ кунад. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, равшан шудани моҷарои се моҳ пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз фурудгоҳи Душанбе ва қарзи ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳоро хостор шуда буд.

Дар бораи иллати барканории Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода, мудири “Амонатбонк”-и Тоҷикистон тавзеҳе дода нашудааст.