Афзоиши қурби доллар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4114-Афзоиши_қурби_доллар_дар_Тоҷикистон
Тайи ҳафтаи ҷорӣ дар марокизи бонкӣ ва молии Тоҷикистон афзоиши нисбии қурби доллар дар баробари сомонӣ, мушоҳида мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 15, 2016 04:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурби доллар дар Тоҷикистон

Тайи ҳафтаи ҷорӣ дар марокизи бонкӣ ва молии Тоҷикистон афзоиши нисбии қурби доллар дар баробари сомонӣ, мушоҳида мешавад.

Ба гузориши сойти "Озодагон", бонки давлатии "Амонатбонк" ахиран қимати ҳар 100 доллар дар баробари пули миллии ин кишварро, 791 то 793 сомонӣ таъйин кардааст, ки дар муқоиса бо аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ, 2 то 3 сомонӣ бештар мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон низ қимати ҳар100 доллар 700 сомониву 87 дирам таъин шудааст, ки дар муқоиса бо ҳафтаи қабл ба мизони 1 дирам афзоиш нишон медиҳад.

Дар Тоҷикистон барои ҳифзи арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ, акнун ба ҷои саррофиҳо хариду фуруши арз дар марокизи бонкӣ ва молӣ таҳти назорати Бонки милли ин кишвар анҷом мешавад.

Аз сӯи дигар Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши қиматҳо ва таърифаҳо дар бозори масрафии ин кишварт дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба мизон 4,5 дарсад хабар додааст. Бар асоси ин гузориш, мизони таваррум дар Тоҷикистон беш аз 6 дарсад эълом шудааст. Аммо ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буд, ки мизони таваррум дар ин кишварро дар соли ҷорӣ, дар ҳадди 7 дарсад ҳифз хоҳад кард. Бо ин ҳол коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли ҷориро 7,5  дарсад ва Сандуқи байналимилалии пул, 8 дарсад пешбинӣ кардаанд.