Мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз мамнуияти интиқоли пул
Расонаҳои Тоҷикистон аз рӯ ба рӯ шудани шаҳрвандони тоҷик бо мушкилоти зиёд пас аз мамнуияти интиқоли пул аз ин кишвар ба бархе кишварҳо хабар доданд.
Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мамнуияти интиқоли пул аз бонкҳои ин кишвар ба чанд кишвар, азҷумла Туркия, Покистон ва Кореяи Шимолӣ барои хариди молу маҳсулот ва ирсоли пул барои хешовандон дучори мушкил шудаанд.
Ахиран масъулони давлати Душанбе дастуруламале барои бонкҳои Тоҷикистон содир кардаанд. Бар асоси ин дастуруламал, атбоъ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебоист аз ҳар гуна интиқоли пул ба кишварҳои Туркия, Покистон ва Кореяи Шимолӣ худдорӣ кунанд. Зеро эҳтимоли он ки пулҳои ирсолӣ ба гурӯҳҳои террористӣ бирасад, зиёд аст.
Пеш аз ин, мақомҳои давлати Душанбе эълом кардаанд, ки дар соли 2017 –и мелодӣ як ҳазору 900 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷангҳои дохилӣ дар Ироқу Сурия хориҷ шуда ва ба гурӯҳи террористи ДИИШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ пайвастаанд.
Мушорикати ин теъдод дар амалиёти террористӣ дар Сурия ва Ироқ ба маънои он аст, ки ифротгароии динӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли густариш аст. Дар муқобил, давлати Душанбе то кунун натавонистааст барои мамониат аз пайвастани атбои Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ иқдоми мусбате анҷом диҳад. Дар айни ҳол, манобеи огоҳ дар Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки бархе аз мақомҳои давлатӣ бо ҷараёноти террористие назири ДИИШ ҳамкориҳои наздике доранд ва ҳатто хадамоти муассире ба онҳо ироа мекунанд.
Ҳамзамон бо вуқӯи бархе таҳаррукоти амниятӣ дар Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе дастури насби дурбин дар тамоми масоҷиди ин кишварро содир кард. Вай ба манзури мубориза бо ҳар гуна иқдоми террористӣ дастур дод, дар тамоми масҷидҳои Душанбе дурбинҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои филизёб насб шавад. Ҳадаф аз ин иқдом, ҷилавгирӣ аз амалиёти харобкорона ва таъмини амнияти намозгузорони тоҷик эълом шуд. Мақомҳои давлати Тоҷикистон, азҷумла Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо расонаҳои Душанбе изҳор дошт, ҳадафи таблиғоти салафигарӣ ва густариши фаъолиятҳои ин фирқа, густариши ифротгароӣ аст.
Юсуф Раҳмон дар моҳи марти соли 2017 –и мелодӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”, чопи Душанбе гуфт, 85 дарсад аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар даргириҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ, азҷумла Сурияву Ироқ ширкат карданд, муҳоҷирони корӣ аз Русия будаанд, ки ба воситаи салафиҳо ба ин гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд.
Дар ин иртибот Ҳафиз Бобоёров, файласуфи тоҷики муқими Олмон гуфтааст, истиқлоли Тоҷикистон дар оянда дар гарави ҳалли се мушкили асосии ин кишвар - шомили ақибмондагии илмӣ ва фанноварӣ, бекории ҷавонони ҷӯёи кор ва муҳоҷирати коргарон ба дигар кишварҳо аст.
Ба иборати дигар, ин файласуфи тоҷик мустақил будани кишвари Тоҷикистонро зери суол мебарад. Зеро аз нигоҳи вай, давлатмардони Душанбе то кунун натавонистаанд ҳеҷ як аз мушкилоти ҷории кишварро ҳаллу фасл намоянд.