Коҳиши захоири тилои Бонки Миллии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии захоири тилои Бонки Миллии Тоҷикистон дар авохири соли 2018 дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2017 панҷ дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории Тоҷвик, ин матлаб дар гузориши сиёсати молӣ ва эътибории Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2019 баён шудааст.
Дар ин гузориш иллати коҳиши ҳаҷми умумии захоири тилои Бонки Миллии Тоҷикистон, пойин омадани қимат тило дар бозори ҷаҳонӣ эълом шудааст.
Дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир аз интишори мизони захоири тилои Бонки Миллӣ худдорӣ мекунанд, аммо хабаргузории Тоҷвик бо дар назар гирифтани мизони воридоти моҳонаи маҳсулот ба Тоҷикистон дар соли 2018, ки 257 миллион доллар эълом шудааст, ҳаҷми умумии захоири тилои Бонки Миллии ин кишварро як миллиарду 210 миллион доллар тахмин задааст.
Дар гузориши сиёсати моливу эътибории Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2019 таъкид шудааст, ки захоири тилои Бонки Миллӣ нақши муҳиме дар ҳифзи суботи иқтисодӣ ва молӣ дар ин ҷумҳурӣ дорад, ки бояд барои афзоиши он барномарезӣ кард.
Яке аз роҳҳои афзоиши мизони захоири тилои Бонки Миллии Тоҷикистон хариди маъдан ва филизот (метал) - и гаронбаҳо дар бозори муомилоти дохилӣ ба сомонӣ эълом шудааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 10 кони истихроҷи тило фаъолият мекунад, ки бахши умдаи саҳмияи ин корхонаҳо мутааллиқ ба ширкатҳои чинӣ аст.
Таносуби ҳаққи моликият низ дар ин корхонаҳои муштарак 70 ба 30 ба нафъи ширкатҳои чинӣ аст.