Дархости байналмилалӣ барои озодии Бузургмеҳр Ёров
(last modified 2019-01-25T14:27:16+00:00 )
Январ 25, 2019 19:27 Asia/Dushanbe
  • Дархости байналмилалӣ барои озодии Бузургмеҳр Ёров

Созмони байналмилалии ҳуқуқии «Ҳоган Ловлз» (Hogan Lovells) озодии Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи машҳури тоҷикро аз зиндон хостор шудааст.

Ба гузориши, Марк Котриҷ намояндаи созмони «Ҳоган Ловлз» дар гуфтугӯ бо сомонаи «Дипломат» аз нигориши номае ба Созмони милали муттаҳид барои кумак ба озодии Бузургмеҳр Ёров хабар дода ва афзудааст, Ёров ва дигар мудофеони ҳуқуқи башар бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб ва зиндонӣ шудаанд.

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ба дунболи эъломи ҳимояташ аз мақомоти боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ, боздошт ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.

Ин дар ҳолест, ки мақомот, парвандаи ин вакили мудофеъро иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ унвон кардаанд.

Аммо худи ӯ ва тарафдоронаш дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳукми Бузургмеҳр Ёровро сиёсӣ медонанд.

«Ҳоган Ловлз» як ширкати ҳуқуқии чандмиллиятӣ аст, ки дар соли 1899 таъсис шуд ва марокизи аслии он дар шаҳрҳои Лондон ва Вашингтон аст. Дар ин ширкат беш аз ду ҳазору 500 вакил узвият доранд ва 46 дафтар дар 27 кишвари ҷаҳон дорад.