Январ 26, 2019 13:59 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди 22 дидбонгоҳи марзии нав дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз эҷоди постҳои марзии нав дар вилояти Бадахшони ин кишвари ҳамҷавор бо вилояти Бадахшони Афғонистон, ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди силоҳ ва қочоқи маводи мухаддир хабар доданд.

Ба гузориши Форс, мақомоти интизомии Тоҷикистон аз эҷоди 22 пости нави марзӣ дар навоҳии мухталифи вилояти Бадахшони ин кишвари ҳаммарз бо Афғонистон хабар доданд.

Бино ба ин гузориш, далели аслии эҷоди постҳои нави марзии Тоҷикистон бо вилояти Бадахшони Афғонистон - тақвияти манотиқи марзиест, ки аз назари қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир осебпазир ҳастанд, мебошад.

Ба ин тартиб, постҳои ҷадиди марказӣ дар маҳдудаи навоҳии Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ - маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон эҷод ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Постҳои марзии нав дар ҳоле дар марз бо Бадахшони Афғонистон эҷод мешаванд, ки пеш аз ин мақомоти тоҷик аз анбори миқдори зиёде силоҳ дар марз бо ин кишвар хабар дода буданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон як ҳазору 400 километр марзи муштарак дорад ва бино ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои қочоқчӣ ва ифротӣ, осебпазир боқӣ мондааст.

Тибқи омори мақомоти марзии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли гузаштаи мелодӣ дар марз бо Афғонистон 20 даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, ки дар пайи он 11 қочоқчӣ кушта ва як ҳазору 300 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.

 

 

 

Барчасп