Интиқоли террорист‎ҳои ДИИШ аз Покистон ба марзи Тоҷикистон
(last modified Mon, 28 Jan 2019 13:31:38 GMT )
Январ 28, 2019 18:31 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли террорист‎ҳои ДИИШ аз Покистон ба марзи Тоҷикистон

Муовини вазири кишвари Русия аз интиқоли гурӯҳе аз террористҳои ДИИШ аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистон хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, Игор Зубов, муовини вазири кишвари Русия гуфт: Чархболҳои ношинос теъдоди зиёде аз террористҳои ДИИШ-ро аз Покистон ба марзи Тоҷикистон дар наздикии марзҳои Русия мунтақил кардаанд.

Ин мақоми аршади давлатии Русия афзуд: Эҳтимол дорад, ки баъдҳо аз ин афрод барои омодасозии таҳрикот алайҳи Русия ва таҳти фишор қарор додани давлати ин кишвар истифода шавад.

Вай бо ишора ба раванди фазояндаи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ба Русия ба унвони муҳоҷири корӣ гуфт: Ба рағми ин воқеият, ки бар асоси шохисҳо аз ин афрод ба унвони муҳоҷирони корӣ ба таври қонунӣ сабти ном мешавад, аммо идеология ва идеаҳоеро, ки ин афрод бо худ ба Русия меоваранд, муҷиби нигаронӣ аст ва бояд ба онҳо таваҷҷуҳ шавад.

Зубов афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба инки теъдоди зиёде аз ҷангҷуёни ДИИШ аз хоки Покистон ба марзи Тоҷикистон мунтақил шуданд, мумкин аст, дар ин минтақа ситезаҷуён, иқдоми таҳрикомези густардае анҷом диҳанд.

Пештар низ генерал Андрей Новиков, раиси маркази мубориза бо терроризми Иттиҳоди давлатҳои мустақил гуфта буд: Террористҳои ДИИШ баъд аз шикаст дар Сурия ва Ироқ дар ҳоли интиқол ба Афғонистон ва Покистон ҳастанд.