Боздошти чаҳор нафар аз масъулони тарҳи "Манзили дастрас" дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 29 Jan 2019 08:04:17 GMT )
Январ 29, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чаҳор нафар аз масъулони тарҳи

Додситони кулли Тоҷикистон аз дастгир шудани чаҳор нафар аз масъулони тарҳи “Манзили дастрас” хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар ҳузури хабарнигорон бидуни ишора ба номи боздоштшудагон гуфт, ин чаҳор нафар дар раванди иҷрои тарҳи “Манзили дастрас” муштариёни худро фиреб додаанд. Юсуф Раҳмон афзуд, таҳқиқот дар ин замина идома дорад ва талош мешавад, хисоратҳои воридшуда дар ин тарҳ ҷуброн шавад. Додситони кулли Тоҷикистон аз мардум хост, ҳангоми сармоягузорӣ дар тарҳҳои сохтмонӣ танҳо аз равишҳои қонунӣ иқдом кунанд.

Гуфта мешавад, Нуруллоҳ Наимов, масъули собиқи тарҳи "Манзили дастрас" яке аз боздоштшудаҳост.

Масъулони "Манзили дастрас" мегӯянд, ҳудуди 80 дарсади корҳо дар ин тарҳ иҷро шудааст ва талош мешавад, ҳарчи сареътар хонаҳо дар ихтиёри соҳибони онҳо қарор гирад.

Иҷрои тарҳи сохтмонии "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 шурӯъ шуд ва қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин хонаҳои ин тарҳ ба соҳибони онҳо таҳвил шавад. Шаҳрдори собиқи Душанбе дар пайи он буд, то бо иҷрои ин тарҳ аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорон, пизишкону кормандони давлатро бо хонаи арзон таъмин кунад.