Январ 29, 2019 14:31 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Тоҷикистон дар муқобили ДИИШ ва Толибон нотавон аст

Яке аз коршиносони ботаҷрибаи амниятии Русия муддаӣ аст, ки Тоҷикистон дар муқобили ДИИШ ва Толибон нотавон аст ва наметавонад дар баробари таҳдидҳои хориҷӣ муқовимат кунад.

Ба гузориши рӯзномаи "Взгляд", чопи Русия, Сергей Гончаров афзуд, ин як воқеият аст, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад садди роҳи ДИИШ ва Толибон шавад, бинобар ин зарурат дорад, ки нерӯҳои руси мустақар дар Тоҷикистон тақвият шаванд. Ба гуфтаи ин коршинос, ки ба лиҳози ҳузур дар ниҳодҳои истихборотии шӯравӣ ва Русия пешинаи тӯлонӣ дорад, пас аз пирӯзиҳои Русия дар Сурия ҷангҷӯёни ДИИШ ба Афғонистон мунтақил шудаанд ва ҳузури инҳо дар ин кишвар на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон хатар дорад.

Пеш аз ин Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия аз интиқоли гурӯҳе аз террористҳои ДИИШ аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон хабар дода буд. Ин мақоми аршади интизомии Русия муддаӣ аст, болгардҳои ношинос теъдоди зиёде аз террористҳои ДИИШ-ро аз Покистон ба марзи Тоҷикистон, дар наздикии марзҳои Русия мунтақил кардаанд.

Маҳофили хабарӣ ва сиёсии Афғонистон ҳам дар чандин маврид аз нақши Амрико ва Ғарб ҷиҳати созмондеҳии ДИИШ дар шимоли Афғонистон ҳушдор дода буданд. Гуфта мешавад, ҳадафи Амрико аз ин гуна барномаҳо муташанниҷ сохтани Осиёи Марказӣ ва зарба задан ба Русия аст.

 

Барчасп