Январ 29, 2019 16:11 Asia/Dushanbe

Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон сатҳу сифати равобити ду кишварро дар ҳавзаи иқтисодӣ мусбат ва рӯ ба пеш арзёбӣ кард.

Муҳаммадҳусейн Рӯшанак дар нахустин нишасти хабарии Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон бо ишора ба таъсиси ин утоқи муштарак аз чаҳор моҳи пеш гуфт, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Эрон танҳо бо Тоҷикистон ва Қазоқистон Утоқи муштараки бозаргонии фаъол дорад, ки маҳалли истиқрори дафтари аслии утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон дар Машҳад аст. Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони Хуросони Разавӣ афзуд, Тоҷикистон поёнаи тиҷории Эрон дар Осиёи Марказӣ аст ва аз он ҷо, ки мардуми ин кишвар форсизабон ҳастанд, бисёре аз дафотири аслии ширкатҳои эронии фаъол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мустақар аст.

Image Caption

 

Рӯшанак бо ишора ба ин ки дар солҳои гузашта Тоҷикистон нахустин мақсади содироти Хуросони Разавӣ будааст, гуфт, бино ба шароити феълӣ Афғонистон ҷойи Тоҷикистонро дар воридоти коло аз Хуросони Разавӣ гирифта ва Тоҷикистон ба раддаи дувум рафтааст. Ҳамчунин ӯ бархе мавонеи мавҷуд дар муровидоти иқтисодӣ бо Тоҷикистонро ношӣ аз эҳмоли ширкатҳои эронӣ ва бархе ноҳамоҳангиҳои тиҷорӣ аз сӯйи Тоҷикистон донист ва аз иқдомоти мусбат барои рафъи ин мушкилот хабар дод. Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Тоҷикистон дар айни ҳол ба бархе ихтилофоти Душанбе ва Теҳрон бар сари мутолиботи молӣ ишора карда афзуд, ин матолиботи молӣ ҳанӯз аз сӯйи Тоҷикистон пазируфта нашудааст.

Рӯшанак шаффофият дар фаъолиятҳои бозаргонӣ ва ҳамчунин эътимоди мутақобилро аз авомили муассир дар рушду тавсеаи равобити иқтисодӣ унвон карда афзуд, Теҳрону Душанбе дар ҳоли пайгирӣ барои бартараф кардани бархе ранҷишҳо дар равобити дуҷониба ҳастанд.  Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони Хуросони Разавӣ ҳамчунин бо ишора ба мушкилоти роҳи оҳан ва мавзӯи камбуди вагон барои ҷобаҷоии коло дар масири Эрону Осиёи Марказӣ гуфт, ҳамеша як моҳ қабл аз Соли Нави милодӣ, як моҳ қабл аз Наврӯз ва як моҳ монда ба фасли сармо бо тарокуми содироти Эрон ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва камбуди вагон рӯ ба рӯ мешаванд. Ӯ таъкид кард, Вазорати роҳи Эрон барои ҳалли ин мушкил вориди Паймони роҳи оҳанҳои Осиёи Марказӣ шуда ва ин паймонро имзо кардааст. Вай тафовути арзи роҳи оҳани Эрон ва Осиёи Марказиро аз дигар мушкилот дар равобити дуҷонибаи иқтисодӣ бо ин минтақа дониста афзуд, роҳи оҳани Эрон ғарбӣ-дифоӣ аст, вале системаи роҳи оҳани Осиёи Марказӣ шарқӣ ва паҳн аст ва аз ибтидои иттисоли ин хутути роҳи оҳан вагонҳои эронӣ иҷозаи сайр ба Осиёи Марказиро надоштаанд, ки ахиран, бо имзои Паймони роҳҳои оҳанҳои Осиёи Марказӣ ин мушкил низ бартараф шудааст. Рӯшанак гуфт, вагонҳои борӣ аз Тоҷикистон ба мақсади Эрон пеш  ба Бандараббос пахта транзит мекарданд, ки бо таваҷҷуҳ ба мавзӯи таҳримҳо муддатест, ин вагонҳо холӣ ба Эрон меоянд ва аз ин тараф колоҳоро ба мақсади Тоҷикистон ҳамл мекунанд.

Дар ин ҷаласа Абдурризои Муҳаммадӣ, ноиби раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон низ бо ишора ба барпоии намоишгоҳи доимии колоҳои эронӣ дар Душанбе гуфт, дар ин намоишгоҳи доимӣ 32 ширкати эронӣ ҳузур дорад, ки 50 дарсади ин ширкатҳо мутааллиқ ба бозаргонони хуросонӣ аст.