Январ 30, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ: Тоҷикистон дар зинаи 152

Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International), ки вазъ ва чигунагии фасоду ришвахорӣ дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, гузориши солонаашро бо номи шохиси қабули фасод - 2018 (Perceptions Index -2018) мунташир кард.

Тибқи иттилои Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ, Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ришвахории имсол байни 180 кишвар бо 25 имтиёз аз 100 имтиёзи лозим, дар мақоми 152 -ум қарор гирифтааст.

Ин шохис нисбат давраи мушобеҳи соли қабл 9 зина болотар аст.

Тоҷикистон соли 2018 дар радабандии Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ бо 21 имтиёз дар мақоми 161 -ум дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадатари дунё қарор гирифта буд.

Ба навиштаи сомонаи Ахбор, дар радабандии имсоли Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ, Тоҷикистон дар байни 180 кишвари дунё аз лиҳози сатҳи фасодзадагӣ дар мақоми 152 ҷой дода шудааст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ мавқеияти аз ҳама пойинтар, яъне 161- ро ба Туркманистон дода ва Узбакистонро дар зинаи 158 қарор додааст.

Мавқеияти ду кишвари дигари минтақа: Қазоқистон ва Қирғизистон дар радабандии ин созмон аз Тоҷикистон болотар буда, Қазоқистон дар мақоми 124 ва Қирғизистон дар зинаи 132 қарор гирифтаанд.

Дар ин гузориш омадааст, тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақа аз 100 имтиёз 45 имтиёз ё камтар аз инро гирифтаанд ва дар мубориза бо фасод пешрафти бисёр кам доштаанд.

 

Барчасп