Январ 30, 2019 18:09 Asia/Dushanbe
  • Қарзи Сандуқи тавсеаи Евразия барои бозсозии нерӯгоҳи Нораки Тоҷикистон

Сандуқи тавсеаи Евразия барои бозсозии нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак ба Тоҷикистон 40 миллион доллар қарз медиҳад.

Ба нақл аз Форс, шӯрои Сандуқи тавсеаи Евразия иқдом ба тахсиси қарзи 40 миллион долларӣ барои бозсозии нерӯгоҳи Нораки Тоҷикистон кард.

Муддати пардохти ин қарз 20 сол аст ва қарор аст, бо ин қарз 6 трансформатори якмарҳалаӣ ва дигар таҷҳизоти лозим дар ин нерӯгоҳ насб ва баҳрабардорӣ шавад.

Раванди бозсозии нерӯгоҳи Норак, ки ҳазинаи он 700 миллион доллар арзёбӣ шудааст, дар 2 марҳала сурат мегирад.

Илова бар Сандуқи тавсеаи Евразия ин тарҳ аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки сармоягузории зерсохтҳои Осиё низ пуштибонӣ хоҳад шуд.

Бинобар муҳосиботи аввалия, Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии ин нерӯгоҳ 225.7 миллион доллар ва Бонки сармоягузории зерсохтҳои Осиё 60 миллион доллар ҳазина мекунанд.