Севумин даври ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Фаронса дар Париж
Дар шаҳри Париж даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса баргузор гардиданд.
Ба нақл аз Форс, ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Фаронсаро директори генералии Департаменти Аврупои континенталӣ хонум Флоранс Манжан роҳбарӣ намуданд.
Дар машваратҳо ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни нишаст ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, гидроэнергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг ва сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ сурат гирифт.
Дар хотимаи машваратҳо ҳавасмандии амиқи мутақобилаи ҷонибҳо ҷиҳати ҷонноксозии минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак тасдиқ гардид.