Январ 30, 2019 20:01 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Эҳтимоли узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди АвруОсиё заиф аст

Коршиноси рус Евгения Войко эҳтимоли воридшавии Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешбинӣ кард.

Ба нақл аз Спутник, ба гуфтаи Войко, масъалаи вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то ҳол баррасӣ мешавад.

"Тоҷикистон аз лиҳози назария метавонад вориди иттиҳод шавад. Аммо, феълан эҳтимоли шомилшавияш бузург нест. Зеро то ҳол роҳбарияти кишвар афзалияти узвият ба Иттиҳоди АвруОсиёро барои худ муайян накардаанд", - гуфт Евгения Войко.

Войко таъкид дошт, ки яке аз бартариятҳои шомилшавии Тоҷикистон ба иттиҳод, осон шудани кори муҳоҷирон дар Қазоқистону Русия мешавад.

"Яъне, ташкили бозори ягонаи кор. Бештар аз ҳама дар Русия, ки шумораи муҳоҷирони тоҷик зиёд аст", - тавзеҳ дод вай.

Войко афзуд, ки Тоҷикистон пеш аз узвият метавонад мисли Молдова нозир шавад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти комиссияи иқтисодии АвруОсиё нақша надорад, ки ҳайъати иттиҳодро васеъ кунад, афзуд вай.

"Феълан вазифаи таҳкими ҳамгироӣ, ҳалли мушкилиҳое, ки дар соли 2018 ҳал нашуданд, масъалан бардоштани андозҳои гумрукӣ, ҳалли масоили нафту газ ва ҳамлу нақл  баррасӣ мешаванд", - гуфт вай.

 

 

 

 

Барчасп