Роҳҳои аслии Тоҷикистон пулакӣ мешавад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пулакӣ кардани боз чанде аз роҳҳои мошингарди ҷумҳуриро пешниҳод дорад.
Дар нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода гуфт, ки ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ – Душанбе- Чаноқ самаранокии чунин корро дар ин самт исбот намуд.
“Мо ҳама шоҳиди самаранокии роҳи пулакии Душанбе – Хуҷанд ҳастем. Агар ин роҳ пулакӣ намебуд, танҳо бо як воситаҳои Вазорати нақлиёт роҳро дар фурсати кӯтоҳ аз барфтӯдаву тарма тоза карда наметавонистем. Барои таъмини ҳаракати нақлиёт бо ин роҳ ҳукумат пул ҷудо намекунад”, гуфт Худоёрзода.
Суҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёт иҳзор дошт, ки вазорат то охири соли равон ҷиҳати ҷорӣ кардани пардохти муайяни маблағ барои истифода аз роҳҳои дигари кишвар ба ҳукумат пешниҳоди дахлдор мефиристад ва доир ба пулакӣ шудани роҳҳои дараҷаи аввал фармони дахлдори ҳукумат низ мавҷуд аст.
Роҳи мушаххасеро дар ин маврид муовини вазир номбар накард.
Апрели 2010 бори нахуст дар Тоҷикистон барои истифода аз роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ (шимоли ҷумҳурӣ) пардохти маблағ ҷорӣ шуд.
Бар асоси шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон идоракунӣ ва хизматгузорӣ ба зербинои роҳро филиали ширкати IRS бар уҳда дорад.