Феврал 01, 2019 20:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми ҳабси абад барои 5 зани тоҷик дар Ироқ

5 зани тоҷикистонӣ дар кишвари Ироқ ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Ин хабарро Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ дар як мусоҳиба эълом кард ва афзуд, ҷурми ин занон узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ аст.

Ба ин тартиб Садорат Қурбонова, Мафтуна Маҷидова, Гулрухсор Алиева, Гулбаҳор Сайфуллоева ва Маҳфуза Қурбонова ҳукми ҳабси абад гирифтанд.

Додгоҳҳои Ироқ пеш аз ин барои 4 зани тоҷики вобаста ба ДИИШ ҳукми эъдом содир карданд, ҳарчанд ҳануз ин ҳукмҳо иҷро нашудааст.

Ҳамчунин 43 зани дигари тоҷик дар Ироқ ба ҳабси абад ва ҳабсҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, маҷмӯан наздик ба 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта ва дар қолаби гурӯҳҳои террористӣ, зидди неруҳои давлатии ин ду кишвари арабӣ ҷангидаанд. Дар ин миён 500 нафар аз онон низ кушта шудаанд.