Феврал 02, 2019 10:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости Афғонистон барои интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон

Дар пайи боришҳои зиёд ва номусоидии обуҳаво дар минтақаи Бадахшони Афғонистон, мақомоти ин кишвар аз Тоҷикистон дархост кардаанд, ки барои интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон кумак кунад.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустии Тоҷикистон бо Сайид Маъсум Бадахш, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Сайид Маъсум Бадахш дар дидор бо вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба боришҳои зиёди барф ва номусоидии обуҳаво дар минтақаи Бадахшони Афғонистон, зарурат дорад беморони афғонистонӣ ба Бадахшони Тоҷикистон мунтақил шаванд.

Олимзода Насим Хоҷа бо эъломи омодагии ҷониби Тоҷикистон барои кумак ба беморони афғонистонӣ афзуд, ҳамасола ташхиси тиббии беморони зиёде аз шаҳрвандони Афғонистон дар муассисоти пизишкии наздимарзии вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон бо ин кишвар анҷом мешавад ва он ҷо таҳти дармон қарор мегиранд.

Ҳамзамон дар ин дидор таъкид шуд, ки ҳазинаи амали пайванди кулия (гурда) дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо камтар аст ва шаҳрвандони Афғонистон дар ҳолати зарурӣ метавонанд барои анҷоми ин амал ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Афғонистон дар бахши беҳдошту саломат бар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон, ки соли 2005 ба имзо расидааст, амалӣ мешавад.

 

Барчасп