Феврал 03, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Душанбе ва Бишкек

Вазири иқтисод ва рушди тиҷорати Тоҷикистон ва сафири Қирғизистон дар Душанбе дар дидор бо якдигар роҳҳои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши Авесто, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи муассир аз масирҳои теранзитии Тоҷикистон ва Қирғизистон, созмондеҳии ширкатҳои тиҷории муштарак ва тавсиаи ҳамкориҳои энержии ду кишвар аз дигар мавзӯъҳои дидори Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода ва Ҷаниш Рустембеков буд.

Равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Душанбе ва Бишкек дар солҳои охир рӯ ба афзоиш будааст.

Тоҷикистон аз Қирғизистон қисмҳои эҳтиётии мошин, мошинолоти кишоварзӣ, ғизо ва пӯшок ворид мекунад ва алюминий низ муҳиммтарин колои содиротии Тоҷикистон ба Қирғизистон аст.

 

Барчасп