Феврал 05, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Боздошти яке аз диишиҳои наздик ба Гулмурод Ҳалимов дар марзи Сурия

Нерӯҳои курди Сурия як шаҳрванди Тоҷикистон, узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар марзи ин кишвар бо Туркия боздошт карданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Диловар Додоеви 29-сола, аҳли шаҳри Истаравшан, ки ба дасти нерӯҳои курди Сурия боздошт шуда, аз ҷангҷӯёни тоҷики наздик ба Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аст. Воҳиди мудофеи мардумӣ дар Сурия бо нашри хабаре дар бораи боздошти Диловар Додоев эълом кард, ки ӯ ҳамроҳ бо ду шаҳрванди Судон ҳангоми фирор аз Сурия ба Туркия боздошт шудааст.

Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки дар соли 2015 ба ДИИШ мулҳақ шуд, бо интишори як видео дар “Ютуб” аз пайвастанаш ба ин гурӯҳи террористӣ хабар дод, ки дар он видео Диловар Додоев низ ҳузур дошт.

 

Барчасп