Таъкиди раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон бар боқӣ мондани Зайд Саидов дар ҳабс
Ба рағми тавсияи Созмони Милали Муттаҳид ба Ҳукумати Тоҷикистон барои озодии Зайд Саидов ҳамчунон ин тоҷир ва сиёсатмадори маъруф дар зиндон боқӣ хоҳад монд.
Ин матлабро рӯзи 4-уми феврал Ширмуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълом кард. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти қазоии Тоҷикистон иттиҳомоти ворида ба Саидовро исбот кардаанд, аз ин рӯ, наметавонанд дархост ва тавсияи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар бораи озодии ин зиндониро амалӣ созанд.
Дар тирамоҳи соли гузашта Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, бидуни қайду шарт Зайд Саидовро аз зиндон озод кунад.
Зайд Саидов, ки дар гузашта вазири саноат ва аз тоҷирону сохтмонсозони муваффақи Тоҷикистон буд, соли 2013 ба дунболи эъломи таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикстони нав" боздошт ва дар соли 2015 ба иттиҳоми фасод ва таҷовуз ба номус маҳкум ба зиндони тӯлонимуддат шуд. Худи ин зиндонӣ ва муваккилонаш иттиҳомоти воридаро рад кардаанд.