Дидори Сергей Лавров ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе
(last modified Tue, 05 Feb 2019 13:04:13 GMT )
Феврал 05, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори Сергей Лавров ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе

Дар вохӯрии Раҳмон бо Лавров мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалӣ муҳокима карда шуданд.

Ба нақл аз Форс, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, изҳор дошт, ки “Рушди муназзами муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад”.

Ҳалли масъалаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби технология барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи ашёи хом, коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, маҳсулоти чорво, азхудкунии неъматҳои табиӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Русия, баррасии масъалаҳои ташкили марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, аз самтҳои муҳиму ояндадори равобити ду кишвар номида шуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, ҳифзи сарҳади давлатӣ, татбиқи Барномаи модернизатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳои омӯзиши забони русӣ, ҷалби омӯзгорони рус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалӣ муҳокима карда шуданд.