Феврал 05, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Русия бар идомаи ҳамкории дуҷониба

Дар фарҷоми мулоқот “Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019” миёни вазоратҳои корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Русия ба имзо расидааст.

Ба нақл аз Ховар, дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ миёни роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия – Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор гардид.   

Зимни суҳбат масоили татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо доир ба идомаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф изҳори омодагӣ намуданд.

Рӯзҳои 4 ва 5-уми феврали соли равон вазири корҳои хориҷаи Русия бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ бо раисҷумҳри кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои Тоҷикистониаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуда, якчанд созишнома ба имзо расонд. 

 

 

 

 

Барчасп