Барномаи Тоҷикистон барои афзоиши тавлиди гӯшти мурғ
Феврал 06, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
Бо афзоиши тақозои муштариён, Тоҷикистон тавлиди мурғи гӯштиро афзоиш медиҳад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷик ТА, ширкати давлатии Саноати мурғи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кард, соли гузашта дар ин кишвар 7.5 ҳазор тон гӯшти мурғ тавлид шуд, ки имсол ин мизон ба 12 ҳазор тон хоҳад расид.
Ба ин манзур ширкатҳои ҷадиди парвариши мурғ эҷод ва ширкатҳои қадимии фаъол дар ин замина бозсозӣ хоҳад шуд.
Ожонси омори Тоҷикистон дар поёни соли 2017 коҳиши чашмгири тавлиди гӯшт ва тухми мурғро дар ин кишвар таъйид карда буданд.
Барчасп