Феврал 08, 2019 20:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши чашмгири муҷозоти рӯҳонии зиндонии тоҷик

Давраи ҳабси Сайидқиёмуддини Ғозӣ рӯҳонии зиндонии тоҷик 18 сол коҳиш ёфт.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, ин рӯҳонии тоҷик пеш аз ин ба 25 сол зиндон маҳкум шуда буд, ки акнун ин ҳукм ба 7 сол коҳиш ёфтааст.

Ҳукми додгоҳи олии ин кишвар дар мавриди коҳиши муҷозоти ин рӯҳонӣ рӯзи 29 январ содир ва акнун расонаӣ шудааст.

Сайидқиёмуддини Ғозӣ, ки дар гузашта яке аз чеҳраҳои маъруфи мазҳабии Тоҷикистон ва аз мақомоти Ҳизби Наҳзати исломӣ буд, соли 2017 дар Русия боздошт ва ба Душанбе истирдод шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта ӯро ба 25 сол зиндон маҳкум карда буд.

Иттиҳомҳои воридшуда ба Сайидқиёмуддини Ғозӣ, “барангехтани кина ва душмании динӣ”, “хиёнат ба ватан” ва “даъват барои барандозии ҳукумат" эълом шудааст.

 

Барчасп