Феврал 09, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар таъмиқи равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидори мақомоти ду кишвар

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири ҷумҳури Қирғизистон дар ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон бо эъломи ин хабар ба хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни ин дидор, масоили марбут ба тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамҷвории нек ва ҳамкории судбахш баҳсу баррасӣ шуд.

Вай афзуд, тарафайн нақши парлумонҳои ду кишварро дар таҳкими равобити мухталиф муҳим арзёбӣ карданд.

Зуҳуров дар мулоқот бо Ҷониш Рустенбеков, сафири ҷумҳури Қирғизистон аз рушди муносиботи тарафайн ёдовар шуд ва афзуд, заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодии муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро 98 санад ташкил медиҳад, ки дар тӯли солҳои 1993-2018 ба имзо расидаанд.

Ин санадҳо барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф заминаи қавӣ гузоштаанд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот бар нақши парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими ҳамкорҳои мухталиф таъкид шуд.

Зуҳуров дар идома тасреҳ кард, аз ин рӯ, мо бояд ҳарчӣ бештар робитаҳои байнипарлумониро тақвият бахшем.

Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои асосие, ки муносибатҳои дутарафаи ҳарду мамлакатро ба танзим медароранд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ  мебошанд.

 

Барчасп