Эъломи омодагии Тоҷикистон барои беҳбуди равобит бо Эрон
(last modified Sun, 10 Feb 2019 09:33:55 GMT )
Феврал 10, 2019 14:33 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Тоҷикистон барои беҳбуди равобит бо Эрон

Раиси собиқи Маркази таҳқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон барои беҳбуди робита бо Эрон ҳамаи талошҳояшро кардааст ва масъулони давлати Эрон низ бояд барои беҳбуди равобити ду ҷониба қадам бардоранд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Худойбердӣ Холиқназар раиси собиқи Маркази таҳқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд: Мақомоти эронӣ то кунун дархосте барои сафар ба Тоҷикистон ё баргузории музокирот накардаанд. Мо мухолифи беҳбуди робитаҳо нестем ва акнун эрониҳо бояд тасмим бигиранд.

Худойбердӣ Холиқназар бо таъкид бар азми ду кишвар барои бартараф кардани бархе мушкилот дар равобит гуфт: Бовар дорам, ки имсол тағйире дар равобити ду кишвар пеш хоҳад омад, вале бояд Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгом шавад.

Робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон соли 2015 баъд аз он рӯ ба сардӣ гароид, ки мақомоти эронӣ эълом карданд, Бобаки Занҷонӣ аз муфсидони иқтисодии ин кишвар бахше аз пулҳои худро ба Тоҷикистон мунтақил кардааст.

Занҷонӣ, ки ҳамакнун дар Эрон дар зиндон ба сар мебарад, дар солҳои гузашта дар Тоҷикистон чандин тарҳи бузурги иқтисодӣ иҷро кардааст.

Эрон нахустин кишваре аст, ки соли 1992 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро дар Душанбе ифтитоҳ кард. Эрон дар Тоҷикистон дар бунёди неругоҳи «Сангтуда-2» ва нақби «Истқлол» дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сармоягузорӣ кард.

Дар ҳоле, ки ду кишвар дар соли 2013 292 миллион доллар мубодилоти тиҷорӣ доштанд, ин рақам дар соли 2018 ба 70 миллион доллар коҳиш ёфта аст.