Феврал 11, 2019 21:23 Asia/Dushanbe
  • Ҷазби 645 миллион долларии сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон

Сармоягузори хориҷӣ соли 2018 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 645 миллион доллар маблағгузорӣ намуданд, ки беш аз нисфи он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Ба нақл аз Форс, соли 2018 ба Тоҷикистон ба маблағи 6,1 миллиард сомонӣ ё худ 645 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шуд, ки 3 миллиард сомонӣ ё худ 326 миллион доллараш сармоягузории мустақими хориҷӣ аст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

Ба сурати умум айни замон дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 30,5 миллиард сомонӣ ё худ 3,23 миллиард доллар 69 лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Онҳо аз 23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат мебошанд.

Аз оғози амалисозии лоиҳаҳои мазкур то 1 январи соли равон дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо нисфи маблағ аз ҳаҷми умумӣ – 15,5 миллиард сомонӣ (1,64 миллиард доллар) аз худ шудааст.

Аз ҷумла, соли гузашта дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо 3,9 миллиард сомонӣ (418,6 миллион доллар) аз худ шуда буд, ки 96% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил дода буд.

Лоиҳаҳои амалишаванда аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (743 миллион доллар), Бонки ҷаҳонӣ (594 миллион доллар), Эксимбонки Чин (467 миллион доллар), Бонки аврупоии таҷдиду рушд (403 миллион доллар), Бонки исломии рушд (148,6 миллион доллар) ва дигарон маблағгузорӣ мешаванд.

Аз ҳисоби ин сармоягузориҳо дар бахши маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 9 лоиҳа, дар бахши кишоварзӣ ва обёрӣ – 23 лоиҳа, дар соҳаи энергетика – 11 лоиҳа, соҳаи нақлиёт – 16 лоиҳа, ҳамчунин лоиҳаҳо дар дигар бахшҳо амалӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон се соли наздик барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ният дорад, ки наздики 777 миллион доллар маблағ ҷалб кунад. Ин воситаҳо дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии беруна барои солҳои 2019-2021 ҷалб мешаванд.

 

 

Барчасп