Боздошти 20 нафар дар Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҲНИТ
Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 20 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро ба занни ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯаи Тоҷикистон боздошт ва бозпурсӣ карданд.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳудуди 20 нафар аз сокинони ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ боздошт ва бозпурсӣ карданд. 15 нафар аз ин афрод аз аҳолии шаҳристони Данғара ва 5 нафар аз сокинони Душанбе ҳастанд.
Бештари афроде, ки боздошт ва бозпурсӣ шудаанд, дар гузашта узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будаанд.
Гуфта мешавад, ин афрод ба хотири робита бо Ҷаннатуллоҳи Комил, як мақоми Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аҳли ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аст ва ба кишвари Олмон паноҳанда шудааст, боздошт шудаанд.
Манобеи сойти “Ахбор” дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки 15 нафар аз афроди боздоштшуда пас аз бозпурсӣ озод шудаанд, аммо аз сарнавишти 5 нафари дигар хабаре нест.