Ибрози умедвории вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба беҳбуди равобити Теҳрон-Душанбе
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ мушкиле дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон вуҷуд надорад.
Ба нақл аз манобеъи хабарии тоҷикӣ, Сироҷуддин Муҳриддин афзуд, ҳамакнун шуморе аз ширкатҳои эронӣ дар тарҳи муҳимми Роғун фаолият мекунанд.
Вай ибрози умедворӣ кард, ки бо ҳал шудани мушкилоти сиёсӣ, равобити ду кишвар ҳамзамон ру ба беҳбудӣ биравад.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ки имрӯз 12 феврал дар як нишасти хабарӣ сухан мегуфт афзуд, дар равобити сиёсӣ миёни Душанбе ва Теҳрон як мушкили сиёсии кучак боқӣ мондааст. Вай ибрози умедворӣ кард, ки муносиботи ду кишвар хуб хоҳанд шуд.
Изҳори назари вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар равобити Эрон дар ҳоле анҷом шудааст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба давлат ва мардуми Эрон ба муносибати чиҳилумин солгарди инқилоби исломӣ табрик гуфт.