Паноҳандагии рӯзноманигори мунтақиди Ҳукумати Тоҷикистон ба Аврупо
Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигори мунтақиди Ҳукумати Тоҷикистон аз паноҳандагии худ ба яке аз кишварҳои аврупоӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Фарғона, Мирсаидов гуфтааст, ки дар пайи касби иттилоъ аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ дар Тоҷикистон, Гурҷистонро тарк карда ва роҳии Аврупо шудааст.
Хайруллоҳ Мирсаидов, ки аз моҳи октябри соли 2018 дар Гурҷистон ба сар мебурд, изҳор дошта, ки бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди мувофиқатномаи истирдоди муҷримон байни Душанбе ва Тифлис, дар ин кишвар эҳсоси амният надоштааст.
Ин рӯзноманигор соли гузашта ба иттиҳоми фасоди молӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо мақомоти Тоҷикистон таҳти фишори афкори умумӣ маҷбур ба озодии ӯ шуданд.
Моҷароҳои Мирсаидов аз он ҷо оғоз шуд, ки ӯ соли 2017 яке аз масъулони вилояти Суғдро ба суиистифодаи молӣ муттаҳам ва аз вай ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шикоят кард.
Хайруллоҳ Мирсаидов дар ҳоле ба Аврупо паноҳанда шудааст, ки дар солҳои ахир даҳҳо нафар аз рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ ва ҳизбӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.