Феврал 13, 2019 12:00 Asia/Dushanbe
  • Роҳи Душанбе - Хуҷанд баста шуд

Бориши шадиди барф роҳи Душанбе - Хуҷандро ба таври муваққат баст.

Ширкати IRS, ки вазифаи ҳифзу нигаҳдории роҳи Душанбе - Хуҷандро бар уҳда дорад, аз мутаваққиф шудани ҳаракати васоили нақлия дар ин масир хабар дод.

Тибқи иттилои ин ширкат, бар асоси дастури Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар пайи бориши барфи шадид ва бевақфа ва эҳтимоли резиши баҳман (тарма) ҳаракати мошинҳо аз километри 47 роҳи Душанбе - Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81 ба тарафи Душанбе ба таври муваққат баста шудааст.

Талошҳо барои поксозӣ ва боз шудани ҷода идома дорад.

Ҳудуди як ҳафта пеш низ роҳи Душанбе - Хуҷанд бар асари бориши шадиди барф ва резиши баҳман баста шуда буд.

 

Барчасп