Феврал 13, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши фаъолони ҷомеаи маданӣ ба иҳонати раиси Истаравшан ба намозгузорон

Суханони тавҳиномези Баҳром Иноятзода, раиси ноҳияи Истаравшан бо вокунишҳои тунд ва манфии ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигорони тоҷик рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигор ва корманди телевизиони давлатии Тоҷикистон бо дарҷи матлабе дар Фейсбук иддаоҳои Баҳром Иноятзодаро ботил ва беасос ва муғойир бо Қонуни Асосӣ ва мавозеи раисҷумҳурии Тоҷикистон донистааст.

Раиси ноҳияи Истаравшан ахиран дар нишасти матбуотӣ иддао кардааст, ки касе ки ба масҷид ворид шавад, аз он ҷо бо фикри солим хориҷ намешавад.

Завқибек Саидаминӣ навиштааст, инсони солим ва дорои фикри солим ҳеҷгоҳ ба худ иҷоза намедиҳад, ки то ин ҳад по рӯйи эътиқодоти мардуми тоҷик ва Қонуни Асосии кишвар бигузорад.

Корбарони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дар шарҳи навиштаҳои Саидаминӣ, рафтори ин мақоми Ҳукумати Тоҷикистонро маҳкум кардаанд.

Масъуда Оқилова, фаъоли маданӣ навиштааст, ки фарде бо чунин иддаое чӣ тавр метавонад раёсати ноҳияеро бар ӯҳда дошта бошад?

Раҳмоналӣ Шералӣ, рӯзноманигори пешкисват низ навиштааст, ватан, дин ва миллат, муқаддасоти мост ва касе ҳақ надорад ба муқаддасот бадгӯӣ ва забондарозӣ кунад.

 

Барчасп