Феврал 14, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Падофанди ҳавоӣ ва дифои мушакӣ меҳвари ройзании мақомоти СПАД дар Душанбе

Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ(СПАД) аз баргузории нишасти коргурӯҳи баррасии масоили марбут ба эҷоди системаи падофанди ҳавоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гузориши Форс, нишасте дар заминаи баррасии масоили марбут ба эҷоди системаи падофанди ҳавоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Нишасти мазкур бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои дифоии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ситоди марказии Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ ва созмонҳои илмӣ ва мутолиотии ин созмон дар заминаи таҳқиқот дар мавриди масоили марбут ба падофанди ҳавоӣ ва дифои мушакӣ баргузор шуд.

Анатолий Яковлев, муовини маркази барномарезии неруҳои Паймони амнияти ҷамъӣ ҳадаф аз иқдомоти анҷом шуда дар ин росторо ҷустуҷӯи роҳҳои иҷрои тасмимоти сарони кишварҳо дар заминаи созмондеҳии падофанди ҳавоӣ дар чорчӯби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз ҷумла имконот барои иҷрои системаи муштараки падофанди ҳавоии кишварҳои узви ИДМ унвон кард.

Дар поёни ин нишасти муштарак, ширкаткунандагони ин ҷаласа аз Ситоди марказии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва ниҳодҳои дифоии кишварҳои узв дар заминаи тадовуми кор дар ин росто ҳимоят карданд.

Ширкаткунандагони ин ҷаласа ҳамчунин дар мавриди зарурати анҷоми таҳқиқоти ҷомеи илмӣ дар мавриди ҳалли мушкилоти марбут ба падофанди ҳавоӣ ва дифои мушакӣ тавофуқ карданд.