Таъсиси раёсати ҷадид дар Додситонии кулли Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои як фармон дар сохтори Додситонии кулли Тоҷикистон раёсати навро таъсис дод
Ба гузориши Спутник, бар асоси фармони раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати ҷадид иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи заминро назорат хоҳад кард. Тибқи ин фармон, раёсати нави назорати қонунгузорӣ дар соҳаи замин ба сохтори дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон ва низоми идории ин ниҳод ворид карда шуд.
Қаблан раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон дод, ки аз 1-уми январи соли равон теъдоди додситонҳо дар кишвар бештар карда шаванд. То фарорасии соли нав шумораи умумии кормандони прокуратура 1085 нафарро ташкил медод ва инак 50 воҳиди кории дигар зам гардида, теъдоди умумии кормандони мақомоти прокуратура 1 ҳазору 135 нафар муқаррар шуд.
Ин фармонҳо дар ҳолеянд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақзи қонунҳо дар бахши замин, аз фурӯши ғайриқонунии он изҳори нигаронӣ карда, изҳор дошта буд, ки он дар ҳоли табдилшавӣ ба як дарди бедавост. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки мубориза бо ин раванд пурзур карда шавад.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2018 дар самти иҷрои қонунгузории замин 434 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 5955 санади таъсиррасонии прокурорӣ бароварда шуд.
Бинобар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар асоси баррасии онҳо 3451 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 1085 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 22928 гектар қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.