Феврал 17, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон марзҳояшро ба рӯи мошинҳои боркаши тоҷикистонӣ боз кард

Саранҷом пас аз рӯзҳо таъхир, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз судури иҷозатномаи Туркманистон барои мошинҳои боркаши кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Азия-Плюс, Хуршед Каримзода гуфтааст, ки пас аз музокироти дипломатҳои ду кишвар мақомоти Ишқобод иҷозатномаи ҳаракати теъдоде аз вагонҳо ва мошинҳои боркаши Тоҷикистонро содир карданд.

Рӯзҳои ахир дар паи маҳдудитҳои муҷаддади Туркманистон беш аз 100 вагон ва теъдоди зиёде мошинҳои боркаши тоҷикистонии ҳомили сӯхт, таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ пушти марзҳои ин кишвар мутаваққиф шуда буданд.

Бо ин ҳол раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин маврид ҳеҷгуна ихтилофи сиёсӣ миёни ду кишвар вуҷуд надорад.  

Вай иллати иқдоми муҷаддади давлати Ишқобод дар мутаваққиф кардани ҳаракати вагонҳо ва мошинҳои боркаши Тоҷикистонро ба тавофуқ нарасидани вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистону Туркманистон бар сари тарифаҳои транзитӣ унвон кардааст, ки дар ҳоли ҳал шудан аст.

Туркманистон авохири августи 2018 низ ба мошинҳои боркаши Тоҷикистон, ки пушти марзҳои ин кишвар монда буданд, иҷоза надод, ки аз хоки Ишқобод ба Душанбе ҳаракат кунанд.