Феврал 19, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз асари тахриби мошинҳои борбари қирғизистонӣ бар роҳҳои Тоҷикистон

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон аз тахриби роҳҳои ин кишвар тавассути мошинҳои борбари қирғизистонӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Худоёр Худоёрзода дар дидор бо Ҷанеш Рустамбеков, сафири тоза мансубшудаи Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ду тараф бояд барои ҳалли ин мушкил роҳкоре пайдо кунанд. Ин мақоми тоҷик гуфтааст, барои бозсозии роҳҳои Тоҷикистон наздик ба 1 миллиард доллар аз қарзҳои Чин ҳазина шудааст ва ҳаркати  мошинҳои Қирғизистон дар ин масир мӯҷиби тахриби бахшҳое аз ин ҷодаҳо мешавад. Сафири Қирғизистон дар Тоҷикстон низ таъкид кардааст, ки бояд вазни муҷози ин васоили нақлия мадди назар қарор гирад ва дар вурудиҳои Тоҷикистон назорат бар ин мавзӯъ ташдид шавад. Аз дидгоҳи Ҷанеш Рустамбеков, яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил ҷилавгирӣ аз вуруди мошинҳои борбари кишвараш ба дохили Тоҷикистон аст.

Дар ин дидор ҳамчунин бар зарурати тасреъ дар бозсозии роҳи Ваҳдати Тоҷикистон то марзи Қирғизистон таъкид шуд. Тӯли ҷодаи байналмилалии Ваҳдат – Рашт — Лахш 400 километр аст, ки бозсозии ин ҷода ниёз ба 4 миллиард доллар сармоя дорад.

Сафири Қирғизистон дар ин дидор гуфтааст, ки кишвараш барои сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон омода мешавад.

 

Барчасп