Феврал 19, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Хези Тоҷикистону Фаластин барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба

Мақомоти аршади Тоҷикистону Фаластин дар Душанбе чигунагии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Мазен Шамия, муовини вазири умури хориҷии Фаластин дар Душанбе дидор кард. Дар ин дидор мақомоти аршади вазоратҳои хориҷии Фаластину Тоҷикистон масоили марбут ба барқарории равобити байни ду кишвар дар ҳама заминаҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни ин дидор ду тараф ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Фаластинро дар заминаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, омӯзишу парвариш ва фарҳанг мавриди баҳс қарор доданд.

Зоҳидӣ ва Шамия масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва бар ҳамкорӣ дар ин замина таъкид карданд.