Пирӯзии дурахшони варзишкори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии размӣ
Феврал 19, 2019 11:35 Asia/Dushanbe
Варзишкори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии размӣ бо бартарӣ бар намояндаи Амрико ба мақоми қаҳрамонии ин мусобиқот даст ёфт.
Ба гузориши “Азия плюс”, Некрӯз Мирхоҷаев, варзишкори тоҷик дар ин мусобиқа, ки шаби 17 феврал (ба вақт маҳаллӣ) дар шаҳри Анкасвели Амрико баргузор шуд, бар Пет Кейси, намояндаи Амрико пирӯз шуд ва дар вазни сабук ба мақоми қаҳрамонӣ расид. Ин дар ҳолест, ки намояндаи Амрико то пеш аз ин дар 7 мусобиқаи ҷаҳонӣ пирӯз шуда ва аслан таъми бохтро начашида буд.
Пирӯзӣ дар мусобиқаи ҷаҳонии размии таркибии соли 2019 дар Амрико чаҳорумин пирӯзии варзишкори тоҷик Некрӯз Мирхоҷаев дар сатҳи ҳирфаӣ аст.